(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз 2 то 4 декабри соли ҷорӣ ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади анҷом додани мулоқотҳои судманд бо соҳибкорону доираҳои тиҷоратӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафар ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарони як қатор ширкатҳои маъруф, аз ҷумла директори генералии ширкати "Лента" Владимир Сорокин, директори ширкати "Токио сити" Сергей Симарёв, роҳбари ширкати "Акрос" Александр Шинкаренко, намояндагони ширкати "ЮМО", мулоқот карда, аз имкониятҳои мавҷуда дар вилояти Суғд, вазъи соҳаҳои иқтисод, саноати сабук, металлургия, коркади маҳсулоти заргарӣ, кишоварзӣ, боғу токпарварӣ ва моҳипарварӣ маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд дорои имконияту захираҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд ҳаҷми гардиши савдоро беҳтар намоянд.
Дар навбати худ ширкатҳо ва корхонаҳои Федератсияи Россия омодагиашонро барои ҳамкорӣ ва харидории гӯшти мурғ, тухм, хушкмева, маҳсулоти заргарӣ, меваҷоту сабзавот, обу нӯшокиҳо, воридсозии сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд изҳор намуданд.