(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)

altДар Муассисаи таълимии томактабии №13 озмуни шаҳрии «Касби дӯстдоштаи ман» байни сармураббияҳои кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Озмуни мазкур дар бо мақсади ҷалби кӯдакон ба донишу касбомӯзӣ, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ дар мураббиён, дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ, тарғиби васеи масъалаҳои касбӣ, дарёфти кӯдакони соҳибистеъдод, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва рушди маънавиёти насли наврас гузаронида шуд. Сармураббиёни кӯдакистонҳо тибқи шартҳои озмун, аз ҷумла навиштаи ҳисобот оид ба Барномаи таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабии "Рангинкамон", таҳлили машғулияти намунавӣ, кашидани расм мутобиқи мавзӯи додашуда бо ҳам рақобат намуда, маҳорати эҷодии хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар натиҷаи баҳодиҳии доварон мақоми аввалро сармураббии кӯдакистони № 14, ҷои дуюмро сармураббии муассисаи таълимии тобактабии №26 ва мақоми сеюмро сармурабии кӯдакиситони №28 ба даст оварданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаю ифтихорномаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.

Дар доири озмуни мазкур аз ҷониби тарбиятгирандагони МТТ №13 машғулияти намунавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.