(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд соҳиби медал гардид.Бахшида ба ҷашни 97 солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз 30 октябри соли 2014 Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои саҳми арзандааш дар корҳои ободонию созандагӣ ва мусоидат намудан ба фаъолияти самараноки кормандони милитсия бо медали «Барои мусоидат» сарфароз гардонда шуд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маросими кушодашавии шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, зикр кард,ки ташаббусу саҳми Раиси шаҳри Хуҷанд дар бунёди шӯъбаи тиббӣ ва фаъолияти самараноки кормандони милитсия шоёни таҳсин ва дастгирист. Вазир дар баробари супоридани медал ба Раҷаббой Аҳмадзода сипосмандии Вазорати корҳои дохила ва ҳайати мушовараро баён намуд.