(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба "Рӯзҳои тарзи ҳаёти солим" озмуни тахассусии "Дастони шифобахш" байни донишҷӯёни факултети “Кори момодоягӣ”, “Кори табобатӣ” ва “Кори ҳамширагӣ” дар доираи нақша чорабиниҳои бахши таҷрибаомӯзии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Озмун аз рӯи шартҳои озмун: муаррифии дастаҳо, малакаҳои амалӣ, ҳалли масъалаҳои вазъиятӣ ва муаррифномаи Барномаҳои миллии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар озмун Мавҷуда Машокирова, директори маркази вилоятии кори ҳамширагони тиб ва сарҳамшираи вилояти Суғд, Светлана Раҳмонова сарҳамшираи калони беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, Зулфия Бобоева сарҳамшираи Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд, Мадина Ҷӯраева ҳамшираи калони шӯъбаи амрози дарунии беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд, Сайфулло Саидов ҷонишини директор оид ба корҳои таҷрибаомӯзӣ, Матлуба Ҷӯраева омӯзгори кафедраи ҷамъиятшиносӣ ва дигарон иштирок ва беҳтаринҳоро дар озмун муайян намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи озмун дарёфт ва ошкор сохтани донишҷӯёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор аз фанҳои тахассусӣ, мустаҳкамкунии донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалие, ки донишҷӯён дар рафти омӯхтани фанҳои алоҳида аз худ намудаанд, такмил додани раванди таҷрибаомӯзӣ, қадрдонии донишҷӯёни болаёқат, эҷодкор, тарбияи меҳнатӣ,масъулиятшиносӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба касби ояндаи корманди тиб, омӯзиши кор карда тавонистан дар коллектив ҳамчун мутахассис дар фаъолияти оянда, тарғиб ва паҳн намудани дастовардҳои донишҷӯёни фаъол ва пешқадам, ҷорӣ намудани технологияи нав дар раванди омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ мебошад.

Дар рафти Озмун ҳамчунин аз руи шарти намоиши малакаҳои амалӣ, аз қабили зери назорати аъзои ҳакамон тарзи дурусти тазриқи дохилимушакӣ ва дохилипӯстӣ, тарзи дурусти доругузаронӣ, тарзи дурусти истифодабарии сӯзандору , доруворӣ ва муносибат бо бемор аз ҷониби донишҷӯён намоиш дода шуд.

Ҳамин тавр, мақоми аввалро дар озмуни "Дастони шифобахш" дастаи "Кабутарони навбол" факултаи Кори ҳамширагӣ ба даст оварданд. Дастаи " Фариштаи наҷот"-и факултаи Кори момодоӣ зинаи дуюм ва дастаи " Тавонбахш"-и факултаи Кори табобатӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Сайфулло Саидов ҷонишини директор оид ба корҳои таҷрибаомӯзии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ зимни тақдими диплому сипосномаҳо таъкид намуд, ки баланд бардоштани малакаи касбии донишҷӯён маҳз ба туфайли гузаронидани таҷрибаомӯзии амалӣ зери назоратии доимии роҳбарияти Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд қарор дошта, муассиса бо беш аз 30 муассисаҳои тандурустии вилоят ҳамкории хуб ба роҳ мондааст, ки барои тақвияти малакаҳои амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.