(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар гимназияи №24 -и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президент ва 31 солагии Ичлосияи такдирсоз конфронси илмӣ-адабӣ тахти унвони "Эмомалӣ Раҳмон - меъмори сулҳу ваҳдат" баргузор гардид.

Нахуст маърӯзаи омӯзгори ҷавони гимназия Искандар Маҳмудов шунида шуд. Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истеъдоди худодод, ҷасорату матонат, қобилияти сиёсии нотакрору барҷаста ҳанўз аз замони сари қудрат омадан, яъне дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ кафили сулҳ, якпорчагӣ ва ваҳдати ҳақиқии халқҳои Тоҷикистон гардида, дар самти тартибу низоми давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфонии кишвар, рушди бемайлони иқтисодиёт, беҳбудии рўзғори мардум хидматҳои шоён намудаанд. Пешвои муаззами миллат яке аз сиёсатмадорони дурандешу хирадманд, ифодакунандаи талабот ва вазифаҳои давраи тақдирсози истиқлолияти миллӣ ба шумор мераванд.

Пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои олии инсонианд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурўғ ва дурғгўён, қадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан ин фазилатҳои мардии Пешвои даврони худро мо дида истодааем.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии иқтисоди фалаҷгардида, беҳсозии сатҳи некўаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ басо бузург аст.
Сипас аз тарафи хонандагони муассисаи таълимӣ шеъру суруд ва таронаву рақсҳои ҷолиб пешниҳод карда шуд.