(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Дар сатҳи Конститутсия давлати демокративу ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ин ҳуқуқу озодиҳо пайгирона татбиқу таъмин карда мешаванд, дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол мебошад.
Тоҷикистон оид ба таъмини волоияти Конститутсияву қонунҳо, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс ва дар асоси мустақилияту баробарӣ таъмин намудани принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамаи тадбирҳои заруриро тибқи меъёрҳои муосир амалӣ мегардонад.
Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои щайридавлатӣ иборат аст.
Амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва дар маҷмуъ таъсмини субботу оромии ҷомеа вазифаи муқаддаси ҷонии кормандони ҳифзи ҳуқуқ буда, аз ҳар яки шумо садоқат ба савганд ва поквиҷдониву маҳорати баланди касбиро талаб менамояд. Зеро бори дигар таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ садоқати онҳо ба Ватан, ба шаҳри худ ва давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд.
Ҳар қадаре, ки мардум ба шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод дошта бошанд, қудрату тавоноии давлат ҳамон қадар зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин мегардад.
Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро ощоз намуд. Аз ташкилёбии он, ки имрӯз 97 сол сипарӣ мегардад, дар тӯли ин солҳо ба ӯҳдаи ин кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои беҳад мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб мекард. Дар шаҳри Хуҷанд низ дар чунин шароит барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя мерасиданд.
Барои пойдории Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла беҳтарин кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хуҷанд низ ҷони худро қурбон намуданд, ки хотираи онҳо дар дилҳои мо абадӣ боқӣ мемонад.
Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуқтаҳо дар баромадҳои Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.
Масъулияте, ки бар дӯши худ доред, аз ҳар кадоми Шумо заҳмати шабонарӯзӣ, фаъолияти содиқонаву софдилона ва муҳимтар аз ҳама, поквиҷдонӣ, дасту дили пок, нияти нек, азму иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, инчунин аз ҳама гуна манфиат боло гузоштани манфиатҳои милливу давлатӣ ва субботу оромии кишварро мехоҳад.
Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дарещ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон бещаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Бо ҳамин умедҳо бори дигар ҳамаи Шумо кормандони бонангу номусро бо 20-солагии Рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 97-умин солгарди мақомоти корҳои дохилӣ муборакбод намуда, дар адои ин вазифаи пурмасъулу пуршараф ба ҳар яки Шумо барори кор ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва комёбӣ орзу дорам.
Ид муборак ҳомиёни Ватан!