(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКонститутсия – бахтномаи миллат

Шаҳрвандони гиромӣ, ҳамдиёрони азиз!

Мусаллам аст, ки ҳар давлати мутамаддинро қонуни асосии он – Конститутсия идора мекунад ва ҳуқуқу манфиатҳои мардумро пуштибонӣ намуда, шакли давлатдориро муқаррар менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин санадҳое ба шумор меравад, ки мардум бо хоҳиши хеш моҳи ноябри соли 1994 ба он раъй дод. Конститутсия дар таърихи навини кишвар воқеан ҳуҷҷати сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва омили рушди босуботу устувори ватани азизамон гардид. Конститутсия барҳақ, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди ватандўсту худогоҳ мебошад.

Рўзи 6-уми ноябр ҳар сол дар қаламрави кишвари маҳбубамон ҳамчун рўзи қабул ва эътирофи Конститутсия тантана ва қайд мегардад. Имсол ба қабули он 29 сол пур шуд.
Бинобар он, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кулли мардуми шарифи Хуҷандро ба муносибати қабули қонуни асосӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Ин санади муқаддас Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми моро амалӣ сохт, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаро ба сўи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар гардонд.
Чуноне дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати санади муқаддас бояд мавриди омўзиши дақиқи тамоми гурўҳҳо ва кишрҳои ҷомеа қарор гирад ва мо насли ҷавонро бояд дар рўҳияи эҳтиром ба он тарбия намоем. Омўзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда шуда, барои татбиқи он бояд тамоми воситаву имкониятҳо истифода шаванд».

Таҳияи Конститутсия бо ҷалби нерўҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сурат гирифт. Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар шаҳрвандро тақозо менамояд.

Қабули қонунҳо “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки миёни аҳолӣ ҳамчун қонунҳои мардумӣ эътибор доранд, дар ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоъ ва кўдакону наврасон хизмат мекунанд. Қабули ин қонунҳо дар замони соҳибистиқлолии ватанамон сурат гирифт ва ба урфу одатҳои шарқиёнаи мо омили муҳими қонунӣ гардид.

Бори дигар, кулли мардуми шарафманду сарбаланди Хуҷандро ба ифтихори Рўзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадонашон хушиву хурсандӣ, иқболи баланд ва файзу баракат орзу мекунам. Бигзор Конститутсия чароғи роҳнамо, шиносномаи миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи фаъоли кишвар бошад!

Рўзи Қонуни асосӣ – ҳомии воқеии шаҳрвандон муборак, ҳамшаҳриёни азиз!