(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини соҳа мулоқот баргузор гардид.

Азаматхӯҷа Воҳидов, вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки мақсади асосии иқдоми мазкур пешгирии бемориҳои пневмококӣ ва ба ин васила баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

-Иммунизатсия – ин сармоягузорӣ ба солимӣ ва некӯаҳволии кӯдакон дар давоми ҳаёташон мебошад. Бо шарофати ваксинаҳо аксари кӯдакон ва калонсолон дар минтақаи Аврупоии ТУТ бар зидди бемориҳои сурхча, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ таъсирнопазир мебошанд. Илова бар ин, теъдоди нафарони хоҳишманд барои иммунизатсия гирифтан бар зидди сирояти пневмококӣ, вируси папилломаи одам ва вируси гепатити «В» рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст, зеро онҳо аллакай оризаҳои вазнини ин бемориҳоро дарк мекунанд ва намехоҳанд, ки ба чунин бемориҳо гирифтор шаванд.

Дар нишаст зикр гардид, ки новобаста ба он, ки дар самти коҳиш додани хатари паҳншавии бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, то ҳол аксари кӯдакон аз муҳофизате, ки ваксинаҳо таъмин мекунанд, баҳра намебаранд.

Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақаваии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истодааст.

Зикр гардид, ки дар асоси «Барномаи нави миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ваксинаҳои зиддисироятии пневмококкӣ ворид мешавад. Кӯдакон асосан иммунизатсиякуниро дар давраҳои 24 соати баъди таваллуд, яъне рӯзҳои 3 – 5 - ум, дар думоҳагӣ, чормоҳагӣ, яксолагӣ, 16 – 23 - моҳагӣ, шашсолагӣ ва 16 - солагӣ мегузаронанд, ки ин аз ҷониби кормандони соҳаи тиб ройгон амалӣ мешавад.

Дар доираи иҷроиши нақшаи чорабиниҳо, аз аз 20-уми ноябри соли равон оғоз мегардад, як қатор чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз ВАО, тақсим намудани брошураҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тамоми сокинони шаҳрро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия даъват менамояд.