(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва доир ба масоили рӯмарраи ҷомеа бо аҳли маҳаллаи "Мевағул" мулоқот баргузор гардид.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов дар ҷаласа баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мулоқоти мазкур баҳри татбиқи нишондодҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он пешгирӣ намудан аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионидошта мебошад.

Таъкид шуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Коррупсия яке аз монеаҳои ҷидди рушди суботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрўйи Давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар илми ҳуқуқшиносӣ мафҳуми коррупсия ҳамчун амали зиддиҳуқуқӣ ва кирдори хавфноки ҷамъиятӣ эътироф карда мешавад.

Сипас, Манзурат Сатторова мудири шуъбаи муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Муҳаббат Маҷидзода, раиси Шӯрои бонувони маҳаллаи "Мевағул" доир ба вазъи муҳоҷират, пешгирии қонуншиканӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳо ва ғайраҳо баромад намуданд.

Мулоқот бо мубдилаи афкор доир ба мавзуъоти матраҳгардида анҷом пазируфт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд