(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машварати кории Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раисони маҳаллаҳо иштирок доштанд.

Кори машваратро Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рафти иҷрои корҳо дар самти нақша чорабиниҳои бунёдкорӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 590 адад иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

То ба имрӯз тибқи нақшаи 35 солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд 316 адад иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки зиёда аз 50 фисади нақшаро дарбар мегирад.

Имрўзҳо дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмони зиёда аз 125 адад иншооти таъиноташон гуногун бомаром идома дорад ва рӯзҳои наздик беш аз 10 адади он мавриди истифода қарор мегирад.

Ҳамзамон тибқи нақшаи 35 солагӣ дар соли равон дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 33 адад биноҳои истиқоматӣ сохта шуда истодааст.

Дар идомаи машварат шаҳрдор Фирдавс Шарифзода иброз дошт, ки дар шаҳр ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, рушди соҳаҳои гуногун таъмин гардида истодааст.

Бо таҳлили вазъи соҳаҳо Раиси шаҳр ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони маҳаллаҳо барои таъмини босифати иҷрои нақшаи андозҳо, нақшаи даъвати ҳарбӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, суръатбахшии корҳои созандагию ободонӣ, гулкорӣ, захираи маҳсулот ба давраи зимистон, рангубори биноҳои баландошёна ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, мумфаршкунии роҳҳо, танзими расму оин, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва дигар масъалаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Бо баррасии масоили ҷорӣ ба кори машварат ҳусни анҷом бахшида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд