(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар даври чоруми даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фуруғи маърифат» аз шаҳри Хуҷанд 20 нафар хонандагон иштироки фаъолона намуда, аз онҳо 8 нафарашон мақомҳои ифтихорӣ ва 2 нафарашон бо Ифтихорномаи озмун қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамин тавр, Муҳаммад Эргашев, хонандаи гимназияи №4 дар номиннатсияи “Ихтирокорӣ ва навоварӣ” мақоми аввал, Анӯшервон Назриев хонандаи литсейи донишкадаи политехникӣ дар номинаи “Физика ва астрономия” ва Ҳоҷибой Пӯлотов, муҳассили литсейи физикӣ – математикии №1 дар номинаи “Математика”– ҷойи дуюм, Абдураҳмон Абдураҳмонов, хонандаи МТМУ №3, дар номинаи “Физика ва астрономия”, Низомиддинов Низомиддин, хонандаи литсейи физикӣ – математикии №1, Сиёвуш Бобоев, хонандаи гимназияи “Гёте» ва Асалбону Раҳматҷонова МТМУ №20 дар номинаи “Технологияи иттилоотӣ”, Шукрона Охунова, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, дар номинаи “Химия” мақоми сеюмро соиб шуданд.

Бояд қайд намуд, ба даврии ниҳоии озмун 579 нафар довталаб аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ роҳхат гирифта, 133 нафар ғолиби озмун гардид. Ба ғолибони озмун, ки ҷойи якумро ишғол намуданд, ҷоиза ва 35 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм- ҷоиза ва 25 ҳазор ва ҷои сеюм ҷоиза ва 15 ҳазор сомонӣ ва ба ғолиби Шоҳҷоиза 70 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Инчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби ин озмун гардиданд, дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ соҳиби мукофотпулӣ шуданд.

Парисо Охунова,хонандаи литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва Муаззам Мусоева, хонандаи МТМУ №17 барои иштироки фаъолонааш бо Ифтихорномаи озмун ва ба маблағи 2000 сомонӣ қадршиносӣ гардиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд