(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 3 нафар донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мақоми аввал ва дуюмро ба даст оварданд.

Дар ин озмуни бонуфуз 8 нафар донишҷӯёни донишкада - Файзиев Амонҷон, донишҷӯи курси 3, ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ дар номинатсияи физика, Эркаев Собитҷон, донишҷӯи курси 3, ихтисоси таъмини барқ дар номинатсияи физика, Абдурафиқзода Амонуллоҳ, донишҷӯи курси 2, ихтисоси таъмини барқ дар номинатсияи физика, Ниёзов Садриддин, донишҷӯи ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона дар номинатсияи география, Абдураупов Манучеҳр, донишҷӯи курси 3, таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ, Қурбонов Абдуазиз, донишҷӯи ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ, Раҳматов Мирзобахтиёр, донишҷӯи курси 4, ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва Бобоев Сиёвуш, донишҷӯи курси 1, ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳамчун ғолиби даври вилоятӣ ширкат варзиданд.

Санаи 28 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Хушбахтона донишҷӯёни донишкада Абдураупов Манучеҳр дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи якум гардида, Файзиев Амонҷон ва Бобоев Сиёвуш дар номинатсияҳои физика ва технологияи иттилоотӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд. 5 нафари дигар бошад барои иштироки фаъолона соҳиби Ифтихорномаи озмун гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯйи 7 номинатсия: математика; физика ва астрономия; химия; биология; география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар чор давр моҳҳои апрел — октябр гузаронида шуд.