(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Вазир сухторнишононро бо ид табрик намуд.Субҳи имрӯз ба қисми низомии хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Вазири корҳои дохила Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварданд. Онҳо дар маросими кушодашавии бинои нави идораи хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ширкат намуда, аз шароити кору фаъолияти ва ҳолати омодабошии қисми низомӣ ошно гаштанд.
Бинои нав аз  ошхона, ҳуҷраҳои алоҳида иборат буда, ошёнаи дуюм бошад барои маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, пешбинӣ шудааст.
Роҳбарияти хадамоти оташнишонии вилоят ба меҳмонон воситаҳои оташнишонӣ, наклиётҳои махсус, либоси оташнишононро намоиш доданд. Таъкид гардид,ки тамоми воситаҳои сӯхторхомушкунандагон аз Федератсияи Россия харидорӣ шуда, барои сари вакт бартараф намудани ва пешгирӣ намудани сӯхтор пешбинӣ гардидааст. Баъдан Вазири корҳои дохила Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсии қисми низомии мазкурро бо 20 солагии Сарқонуни Тоҷикистон табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки афсарону сӯхторнишонон вазифаи дар наздаш бударо содиқона иҷро хоҳанд кард.