(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз тибқи дастури роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо мақсади сазовор истиқбол намудани чорабиниҳои сиёсию таърихии кишвар дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҳашарҳои дастҷамъонаи густурда баҳри тозаву озода намудани муҳити зист гузаронида шуд.

Ин тадбири ободкорӣ ва хуррамгардонӣ асосан дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ карда шуда, дар он кормандони сохторҳои Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ, Идораи сохтмони асосӣ, Муассисаи таҳсилоти томактабии №27, омӯзгорон ва муҳассилини литсейи касбӣ-политехникии №44, аҳолии ҳудуди канали паҳлуи беморхонаи вилоятӣ ҷалб карда шуданд. Дар ҳашари дастҷамъона маҷмуан беш аз 1600 нафар бо техникаву олоти меҳнат иштирок намуданд.

Ҳашарчиён аз дохил ва канори канали паҳлӯи беморхонаи вилоят алафҳои худрўйи он, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ ва ғайраҳоро ба пуррагӣ тоза намуда, баҳри мунаввар ва боз ҳам зебо шудани ин канали селгузар мусоидат намуданд.

Аз ҷониби кормандон ва техникаи махсуси КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ” партовҳои ҷамъовардаи ҳашарчиён саривақт гирифта шуд.

Нозирони давлатии шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ таъкид доштанд, ки бояд шаҳрвандон дарк намоянд, ки дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният- ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро мо ҳамарўза аз ҳавои тоза нафас мекашем, ҳавои ғализ ва чиркин ба саломатии мо хавф эҷод намуда, ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад.

Ҳамзамон дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2021-2025» бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар 10 мавзеи сераҳолии шаҳр қуттиҳои партов барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуданд. Ин қуттиҳо махсус барои зарфҳои пластикӣ пешбинӣ гардидаанд. Ҳадаф аз насби чунин қуттиҳо- тоза нигоҳ доштани ҳудуди шаҳр, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад.

Дар шакли зарфи пластикӣ сохтани қуттиҳо таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳрро ба худ ҷалб мекунад ва метавонад ба баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон мусоидат кунад. Дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ насб гарданд.

Сокинони шаҳр бо масъулин суҳбати ошкоро анҷом дода, иброз доштанд, ки бо дастгириҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию созандагӣ тақвият ёфта, беш аз пеш маркази маъмурии вилоят симои худро дигаргун намуда истодааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд