(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунандаи омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар ҷараёни машварат ҳамзамон мизи мудаввар оид ба санаҳои муҳими таърихи халқи тоҷик, аз ҷумла Рӯзи қабули Конститутсия, Иҷлосияи тақдирсоз, Иди Парчам, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маърӯзаи омӯзгори МТМУ №6 Нигора Абдураҳмонова дар мавзуъи "Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳи тоҷикон" ба самъи иштирокдорони машварат ва мизи мудаввар расонида шуд.
Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории чунин усули машварат, ки бори аввал дар машварати омӯзгорон байни иштирокчиён мизи мудаввар ташкил карда шуд, таҷрибаивазкунӣ ва истифодаи асарҳои Президенти мамлакат дар раванди таълими дарси таърих ва ҳуқуқ мебошад.