(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар гимназияи «Кавсар»-и шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунандаи омӯзгорони фанни суруд ва мусиқии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар машварат намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Масъуда Ҷабборова, маъмурияти гимназияи “Кавсар”, омӯзгорони фанни суруд ва мусиқии макотиби шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. Зимни машварат роҳу усули омӯзиши фанни суруду мусиқи дар муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид шуд, ки дар ҷараёни таълими фанни суруд ва мусиқӣ малакаҳои таълимии зерин ташаккул ёбанд: таҳлил ва таркиби асарҳои мусиқӣ бо мақсади дарк кардани ғоя, мавзуъ ва маънои асосӣ, шунидани асарҳои мусиқӣ, ташаккули малака ва рушди маънавии хонандагон ва ғайраҳо.

Ҳамзамон дар ҷараёни машварат аз ҷониби омӯзгорони фанни суруд ва мусиқии гимназияи “Кавсар” : М. Мирсаидова, Ш. Тошматова, М. Раҳматова ва дигарон дарсҳои кушоди намунавӣ бо забони русӣ пешниҳод карда шуд.