(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар асоси нашри эълон ва баёни андешаи носолим дар сомонаи «Сомонтҷ” нисбати шаҳрванд Шукуров Муродалӣ Соқиҷонович аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд чораҳои қонунӣ дар доираи протоколи маъмурии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуд.

Маълум гардид, ки шаҳрванд Шукуров Муродалӣ Соқиҷонович, соли таваллудаш 18.10.2001 зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи ш. Гулистон, кӯчаи Истиқлол зимни нашри эълон дар сомонаи “Сомонтҷ” суханҳои носазо гуфтааст, ки боиси вокуниш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст.

Дар асоси муроҷиат ва вокуниши сокинон дар сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар “Фейсбук” бо супориши сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода ҳолати мазкур фавран аз ҷониби кормандони фаврии мақомоти милитсия таҳқиқ гардида, шахсияти эълоннашрнамуда муайян ва ба ШВКДҶТ ба шаҳри Хуҷанд оварда шуда, нисбаташ чораҳои қонунӣ андешида шуд.

Маълум гардид, ки шаҳрванд Шукуров Муродалӣ Соқиҷонович, соли таваллудаш 18.10.2001 зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол ҳангоми нашри эълон дар сомонаи “Сомонтҷ” бидуни андешаи солим ибрози ақида намуда, боиси вокуниши шадид байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст.

Шаҳрванд Шукуров Муродали Соқиҷонович аз гуфтор ва кирдораш сахт пушаймон гардида, расман узр пурсидааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд