(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altШаҳри Хуҷанди бостонӣ бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабои нав ба бар менамояд.

Соли ҷорӣ бо оғози маъракаи мумфаршкунӣ, як қатор кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ва дохили маҳаллаҳо бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ватандўст мумфарш карда шуданд.

Субҳи имрўз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи асосии микроноҳияи 16-уми шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин кӯча бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ, аз ҷумла моликони ширкатҳои “Тоҷсохтмон”, “Фаровон” ва “Шишакор” дар масоҳати беш аз 6500 метри мураббаъ пурра мумфарш карда мешавад, ҳамзамон ҷўйборҳои канори роҳ азнавсозӣ гардида, чароғпояҳои нав насб карда шуданд. Интизор меравад, ки дар оянда пайроҳаҳои ду канори роҳ низ азнавсозӣ карда шаванд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар микроноҳияи 16-уми шаҳри Хуҷанд кўчаи як қатор корхонаҳои саноатии сохтмонӣ ва идораву муассисаҳо, аз ҷумла: “Тоҷсохтмон”, “Фаровон” ва “Шишакор”, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонии оҳану бетон ва коркарди шиша машғуланд ҷойгир буда, мумфаршкунии пурра дар оянда баҳри рафтуомади бемамоният ва қулай мусоидат хоҳад намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини мумфаршкунӣ, ки аз ҷониби ширкати ватании Сайҳуни Хуҷанд” амалӣ карда мешавад, баҳри босифати баланди корҳо анҷом додани он дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд