(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҶоизаи махсуси шаҳрдори Душанбе дар синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” ба Сайрам Исоева тақдим гардид. Ҷоизаи мазкур барои хидматҳои шоён дар театру синамои тоҷик ба ҳунарпеша тақдим гашт. Ин ҷоиза 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дорад.

Сайрам Исоева 24 ноябр 1942 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Донишкадаи театрию бадеии Тошкандро хатм кардааст (1964). Ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (1964—2006), саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (аз с.2006).
Нақши аввалинашро дар намоишномаи «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (холаи Зиёда) бозидааст. Зиёда аз 100 нақш дар пиесаҳои театрӣ офаридааст, аз ҷумла Нози («Ҷанги тан ба тан»-и М.Байчиев), Робия («Суруди нотамом»-и А.Атобоев), Аза («Лулидухтар Аза»-и М. П. Старитский), Сита («Рамаяна»-и А.Гусев), Мирандолина («Сохиби меҳмонҳона»-и П.Бомарше), Шаҳло («Шаҳло»-и Аминҷон Шукӯҳӣ), Сотти («Исёни арусон»-и Саид Аҳмад) ва ғайраҳо.

Коргардони чанд намоишнома, ба монанди «Маугли»-и Р.Киплинг, «Имтиҳон» ва «Баъди имтиҳон»-и Ф.Ансорӣ, «Дустӣ», «Сайр дар соли нав»-и С.Исоева, «Исёни арусон»-и С.Аҳмад, «Аруси шаҳрӣ»-и Н.Исломов мебошад. Бо киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» ҳамкорӣ намуда, чандин нақшҳо, аз қабили Гулнор «Духтари сеюм»-и Анвар Тураев (1969), Гурдофарид «Рустам ва Суҳроб» (коргардон Борис Кимёгаров, 1971), Зумрад «Сирри оила» (коргардон Валерий Аҳадов, 1983), Малика «Агар дӯст дори» (коргардон А.Қуддусов), Малика «Кӯи сафед» (коргардон А.Ҳамроев), Нодира «Танҳо миёни мардум» (коргардон Комил Ёрматов) Майсара «Саргузашти Майсара» «Рӯзҳои гузашта» дар «Узбекфилм» нақшҳои ҷолиб офаридааст ва ба эҳтироми мардуми тоҷик ва ӯзбек сазовор гаштааст.

Ҳунарпешаи мумтози театру кинои тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Сайрам Исоева беш аз 60 сол бо истеъдоду ҳунари волои худ дили ҳазорон тамошобинонро тасхир намудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд