(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДарси кушоди намунавӣ, ки аз ҷониби омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбии МТМУ№3-и шаҳри Хуҷанд, капитани мустаъфӣ Маъруф Ҳомидов бо усули муосир ва оммафаҳму шавқовар гузаронида шуд. Таъкид гардид, ки истифодаи воситаҳои ҳимояи инфиродӣ ва дастҷамъӣ хусусиятҳои ҳимояи маҳал, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, ва дигар обектҳо барои ҳимояи ҳайати шахсӣ ҳангоми гирифтани ишораҳои муқарраршудаи огоҳонӣ, инчунин мустақилона ҳангоми ошкор кардани нишонаҳои заҳролудшавии ҳайати шахсӣ, аслиҳа ва техниакаи ҳарбию дигар обектҳо бо маводи радиатсионнӣ, заҳролудкунӣ, дигар маводи таксикологӣ ва воситаҳои биологӣ истифода бурда мешавад.

Дар ҷараёни таълим зикр гардид, ки ҷавонон ояндаи миллат мебошанд, бояд ҳамеша тайёр ва омода бошанд ва ҳар лаҳза манфиатҳои давлату миллатро соҳибӣ ва ҳифз намоянд.

Ҷавонон бояд ҳануз аз синни мактабӣ дар руҳияи ватандустию хештанпарварӣ омода шаванд ва бо ифтихори баланди миллӣ тарбияву ба камол расанд. Аз шароити мавҷуда васеъ истифода намуда, барои дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас масъулияти баланд дошта бошанд ва бад-ин васила саҳми худро дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд.

Дарс аз ҷониби омӯзгорони фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ”-муассисаҳои таълимии шаҳр мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд