(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хатнатӯйи тифлакон дар арафаи иди СарқонунБоиси тазаккур аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аёдат ва дастгирии оилаҳои ниёзманд, баргузории тӯйи суннатӣ ва хонадоршавии шахсони ниёзманду оилаҳои камбизоат дар шаҳри Хуҷанд ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба ҳамин монанд дар арафаи солгарди Сарқонуни кишвар дар маҳаллаи «Навбавҳор»-и шаҳри Хуҷанд тӯйи суннатии 20 нафар тифлакон аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш ба тӯйхона ташриф оварда, кӯдаконро бо ин рӯзи фархунда таҳният гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравии МИҲД шаҳрро тақдим намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз оғози сол то ба имрӯз зиёда аз 2000 нафар шахсони эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмаки моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин беш аз 200 нафар кӯдакон аз чунин оилаҳо хатнатӯй карда шуданд.