(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар доираи намоиш-фурӯши маҳсулоти соҳаи саноат, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон дар Амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бо иштироки васеи сокинони пойтахт барномаи пуршукуҳи аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд низ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдулозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси ноҳияи Сино Руслан Қодирзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дилбар Одилзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии муҳим дар ин мавзеи зебою бофароғат-Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида истодааст. Ин ҳама иқдомоти муҳим дар партави дастуру ҳидоятҳои фарҳангпарваронаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, ҳам барои сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе ва ҳам барои намояндагони шаҳри Хуҷанд ҷашни ҳамдилӣ, ваҳдат, иди фарҳангу ҳунар ва санъат арзёбӣ мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, зимни суханронии худ зикр дошт, ки сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд, ки онро оламиён “Тирози ҷаҳон” мехонанду ин шаҳр дар ақсои олам шаҳри накўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст, дар радифи сокинони дигар манотиқи кишварамон кору фаъолият намуда, баҳри рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, болоравии сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишварамон дар арсаи байналхалқӣ талош варзида истодаанд.

Хуҷанди куҳан, вале ҳамешаҷавон, ки дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд, Ҳироту Панҷакент аз даврони муқаддам то ба имрўз аз марказҳои машҳури илму фарҳанги Осиёи Марказӣ ва олами мутамаддин ба ҳисоб меравад, бо иқлими хуш, сокинони ҳунарманду меҳмоннавоз таваҷҷуҳи инсониятро ба худ ҷалб мекард ва имрўз низ он ҷаззобиятро нигоҳ медорад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад.»
Фирдас Шарифзода гуфт, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷанд аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ хеле тараққӣ ва инкишоф ёфт. Маҳз бо ташаббусу дастгирии Сарвари давлат 675 солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ дар солҳои аввали Истиқлол баргузор гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи бепоёни давлату ҳукумат ба шаҳри Хуҷанд дарак медиҳад. Имрўз шаҳри Хуҷанд ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил ёфта, алҳол корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, донишгоҳҳо, мактабҳо ва муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ, Осорхонаи таърихӣ, театрҳои давлатии ҷавонон ва мазҳакаи мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ширкатҳои тозабунёди ватанию хориҷӣ, қасрҳои Суғдиён, Кохи Рўдакӣ мояи ифтихори тоҷикону тоҷикистониён мебошанд.

Имрўз шаҳр бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозон ва умуман мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад ва ҳамеша ҷонибдори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарўзаи худ ба пешрафт ва шукуфоии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ намуда истодаанд, ки нишондиҳандаҳои дастоварди мо дар чанд соли охир аз он шаҳодат медиҳанд.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагиву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар амалӣ гардидани сиёсати бунёдкоронаи сарвари давлат, маркази вилояти овозадорамон Суғд - шаҳри Хуҷанд симои худро рўз аз рўз дигар намуда, ба як шаҳри ободу зебо ва пешрафтаи кишварамон мубаддал гардида истодааст.

Таъкид шуд, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ аҳли ҳунару эҷод ва кормандони соҳаи фарҳанг низ ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кору эҷод намуда истодаанд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Руслан Қодирзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино тақдим карда шуд.

Композитсияи адабӣ-мусиқӣ “Модарони қаҳрамонон” ва барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони номӣ ва эҷодкорони ҷавон, аз қабилӣ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, Алишер Дадобоев, Ширин Ҳамдамова, Паринамо Гулзорхонова, Мухлисахон Баҳриддинзода, Латофат Қодирова, Гулҷамол Илҳомӣ, Сардорбек Раҳмон, Бахтиёр Давлатов, Дилноза Бойматова, Давлатӣ Салимов, Амирҷон Рӯзиев, Олим Юсупов ва дигарон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд