(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти соҳаи саноат, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангию адабии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд бо молу маҳсулот ва дастовардҳояшон иштирок намуданд. Аз ҷараёни баргузории чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдулозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси ноҳияи Сино Руслан Қодирзода ва Раиси шааҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода боздид намуда, таъкид доштанд, ки ташкили чунин маъракаҳо хеле муфид буда, ба ин васила он дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ва тавсеаи робитаҳои судманд мусоидат хоҳанд намуд.

Дар ин тадбир ҳамчунин намоиши бошукуҳи ҳунарҳои мардумии шаҳри бостонии Хуҷанд ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки аз таърихи гузаштаи ин шаҳри қадимаи тоҷикон ва таваҷҷуҳ ба рушди он бозгӯӣ мекунад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд