(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар тарабхонаи “Мирзоҳабиб”-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” бо иштироки фаъолони 18 шаҳру навоҳии вилоят ташкил ва гузаронида шуд.

Ғолибони даври аввали ҳар як шаҳру навоҳии вилоят намунаи хўроку анвои хўрдании хешро бо санъату маҳорати хоса бо такя ба анъанаҳои миллӣ ба маърази тамошо гузоштанд.

Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд аз ҷараёни баргузории озмун ошноӣ пайдо намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо эҳёи таъомҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги рӯзгордорӣ, омода намудани духтарон ба маданияти оиладорӣ ва сайқали маҳорати кадбонугии онҳо, эҳё ва рушди анъанаҳо ниёгон дар ҷодаи пухтани таъомҳои миллӣ ва иззату икроми меҳмондорӣ мебошад.

Ҳайати ҳакамоти озмун зимни баҳодиҳӣ аз рўйи нишондиҳанда ва меъёрҳои маҳорати омодакунии таомҳои миллӣ ва сифати он, сатҳ ва тарзи муаррифӣ намудани маҳсулоти омодакардашуда, ҳамзамон ба навоварӣ, сарфакорӣ ва ташаббускории он баҳогузорӣ намуданд.

Ҳамин тавр озмун ғолибонро муайян намуд. Мақоми аввалро миёни шаҳру навоҳии вилоят маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд ба даст овард. Ба ғолиб диплом ва маблағи пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Маҳаллаи "Навбаҳор"-и шаҳри Хуҷанд бо ба даст овардани мақоми аввал, ҳамзамон ҳуқуқи иштирок дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ”-иро пайдо намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд