(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар тарабхонаи “Мирзоҳабиб”-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Даастархонороӣ” бо иштироки фаъолони 22 адад маҳаллаҳои шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳар як маҳалла намунаи хўроку анвои хўрдании хешро бо санъату маҳорати хоса бо такя ба анъанаҳои миллӣ ба маърази тамошо гузоштанд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷараёни баргузории озмун ошноӣ пайдо намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо эҳёи таъомҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги рӯзгордорӣ, омода намудани духтарон ба маданияти оиладорӣ ва сайқали маҳорати кадбонугии онҳо, эҳё ва рушди анъанаҳо ниёгон дар ҷодаи пухтани таъомҳои миллӣ ва иззату икроми меҳмондорӣ мебошад.

Ҳайати ҳакамоти озмун зимни баҳодиҳӣ аз рўйи нишондиҳанда ва меъёрҳои маҳорати омодакунии таомҳои миллӣ ва сифати он, сатҳ ва тарзи муаррифӣ намудани маҳсулоти омодакардашуда, ҳамзамон ба навоварӣ, сарфакорӣ ва ташаббускории он баҳогузорӣ намуданд.

Ҳамин тавр озмун ғолибонро муайян намуд. Мақоми аввалро намояндагони маҳаллаи “Навбаҳор”, ҷойи дуюмро маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” ва зинаи сеюмро маҳаллаи “Содирхон Ҳофиз” ба даст оварданд. Ба ғолибон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин тамоми маҳаллаҳои шаҳр бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамасола баргузор мегардад, ки ҳадафи он сарфакорона ва моҳиронаву ҳунармандона оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо маҳсуб мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд