(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳри бостонии Хуҷанд расид.

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзодаро муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода ва бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд дар даромадгоҳи Боғи Камоли Хуҷандӣ истиқбол намуданд.

Сипас ҳайати корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз Хона Музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ боздид намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба роҳ монда шуда, сафари занону бонувон ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст.