(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар доираи ташрифи гурӯҳи занону духтарони фаъол аз корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид.

Дар вохўрӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Саодат Аминҷонова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мавлуда Шарифзода, муовини Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои муҳими давлатиест, ки барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ азизу гиромист. Зеро маҳз ба туфайли Ваҳдат дар осмони кишвар офтоби сулҳу амният нурпошӣ мекунаду мардум зери ливои осоиштагӣ кору зиндагии хуррамона доранд.

Расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ризоияту якдилӣ дар таърихи навини давлатдориамон дар баробари Истиқлолияти давлатӣ яке аз беҳтарин дастовардҳои бузург маҳсуб ёфта, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад ва якдигарро комил сохта, роҳи миллатро барои рушду тараққиёт ҳамвор месозанд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа, мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем».

Ба ҳамин маънии тақдирсоз ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққии ҷумҳурӣ ва муҳимтарин заминаи пешрафтҳои халқамон ба шумор меравад.

Мулоқот бо суолу ҷавоб ва андешаҳои судманд анҷом пазируфт.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, аз 10 то 15 июли соли равон дар ҷамоатҳо, қисмҳои низомӣ, бо сокинони деҳоти вилояти Суғд оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Инчунин онҳо аз мавзеъҳои таърихиву –фарҳангии вилоят дидан менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба манотиқи дигари мамлакат сафар кардааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд