(2 овоз, миёна 4.50 аз 5)

Маҳаллаи «Бофанда» ба мавсими зимистонгузаронӣ омода аст.Сокинони маҳаллаи «Бофанда» дар маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти умумии № 2 бо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрданд.
Нуфузи аҳолии маҳалла зиёда аз 6 ҳазор нафар буда, дар ҳудуди он чанд корхонаю муассисаҳои мухталиф ҷойгиранд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз рушди соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ ба сокинон маълумот дода, изҳор намуд,ки аз рӯи натиҷаҳои оморӣ, маркази вилоят 9 моҳи соли равонро бо  натиҷаҳои назаррас ҷамбаст намуд. Бунёди зиёда аз 30 корхонаҳои хурду миёна, таъмир гаштани наздик 90 км роҳ, сари вакт пардохт гаштани музди маош, бунёди 13 майдончаҳои варзишӣ, ба истифода додани ду толори варзишии муосир шаҳодати ин дастовардҳо маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин қайд гардид,ки дар мулоқоти қаблӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сокинони маҳаллаи «Бофанда» 10 нафар бо 20 дархост муроҷиат намуда буданд. То имрӯз 12 дархост ҳалли худро ёфта, ба 4 нафар муроҷиаткунанда моҳияти масалаи гузошташуда фаҳмонда дода шуд ва иҷроиши 4 дархости дигар бошад тибқи нақша иҷро хоҳад шуд.
Ба Раҷаббой Аҳмадзода шаҳрвандон дар мавриди расондани кӯмаки моддӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудан, сари вакт гирифтани партов аз маҳаллаи «Бофанда», чораҷӯӣ намудан нисбати сагҳои дайду, танзими ҳаракати нақлиёт дар маҳалли боғчаи № 13 ва таъмири роҳи бинои 199, 201-и хиёбони И. Сомонӣ баъди гузаронидани хатти оби нӯшокӣ ва чанде дигар масалаҳо муроҷиат намуданд.
Вобаста ба масалаҳои гузоштаи сокинон Раиси шаҳр ба мутасаддиён супориш ва мӯхлат дода тақозо намуд,ки сифати иҷроиши он дар мӯҳлати муқаррар намуда таъмин гардад.
Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доири ташкили гусели наваскарон дар маҳалла, беҳтар намудани робитаи байни оилаи сарбозон бо қисми низомӣ пешниҳод карда шуд. Раиси шаҳр таклифҳоро пазируфта, барои корбарии ин пешниҳод ба масъулин дастур дод.
Ҳамзамон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Ахмадзода дар мавриди омодагии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба фасли зимистон, таъмири дару тирезаҳои даромадгоҳҳои он раиси кумитаи маҳаллаи «Бофанда» маълумот дод.
Бо назардошти имкониятҳои дар маҳаллаи мазкур мавҷуд буда, Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод,ки дар марказхои таълимӣ,томактабӣ, дар назди чойхонаҳо маҳфилҳои гуногуни маърифатӣ ташкил карда шаванд.
Дар назди ҳозирин раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусейн Мусозода ва раиси Шӯрои бибиотунҳои шаҳр Мастура Темирова аз одобу фарҳанги миллӣ, тарзу усули либоспӯшии занон ва худдорӣ намудан аз иштирок дар ҳаракату созмонҳои тандрав ва ғайриқонунӣ баромад намуданд.