(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ба таваҷҷӯҳи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд!Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов №192 аз 5-уми апрели соли 2013 Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чаҳорум  16 апрели соли 2013, соати 900 даъват карда мешавад. Дар иҷлосия рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012–2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории маҳаллӣ, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии № 15  Онаой Абдуқодирова оид ба ваколатҳои вакилӣ, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ баррасӣ гардида, қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тасдиқ карда мешаванд.

Барои омодагӣ ва гузаронидани иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чаҳорум ҳайати комиссия аниқ ва он вазифадор карда шудааст, ки ҷиҳати ташкил ва баргузории иҷлосия тибқи тартиботи муқарраргардида тадбирҳои мушаххас меандешад.