(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДаври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” бо иштироки беш аз 45 донишҷӯёни соҳибистеъдоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд доир шуд.

Ҳайати ҳакамон, ки иборат аз мутахаасисони варзидаи соҳаи санъат буданд, ба ҳунари рассомӣ, дизайнерӣ ва маҳорати сурудхонии донишҷӯёни баҳои воқеӣ доданд. Ҳайати ҳакамон иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти тавсеаи истеъдоду ҳунар саривақтӣ дониста, ба ҳунару малакаи ҷавонон баҳои воқеӣ доданд.

Ҳамин тавр тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон дар бахши сарояндагӣ ҷои аввалро Нуриддинов Шероз, донишҷӯи курси 1, ҷойҳои дуюму сеюмро Саъдиева Рухшона, курси 1 ва Назирова Ҳабиба, курси 1,, дар бахши тасвирӣ ғолибият насиби Турсунова Нозанин, курси 2 гардида, зинаҳои баъдиро Олимова Шоҳсанам, курси 4 ва Ғафурова Шоҳина курси 3, ишғол намуданд. Дар бахши дизайн ҷои якум насиби Маҳмудова Фарангис, омӯзгори кафедраи Технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ гардида, ҷойҳои дуюму сеюмро мутаносибан Назарова Таҳмина, курси 3 ва Исмоилова Зӯҳро, курси 2 ишғол намуданд.

Ба ғолибону иширокдорони озмун Сипоснома ваа тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Акнун ғолибони даври донишкадавӣ шарафи муассисаро дар даври шаҳрӣ ҳимоя хоҳанд кард.