(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар Рӯзи таҷлили Рӯзи сарҳадбонон ба Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, марзбонони шуҷоъи ватанро то Иди касбиашон табрику таҳният намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи номаи табрикотии хеш аз ҷумла зикр дошт, ки ба шарофати сиёсати дурбуинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон менамоем, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад. Ҳанӯз дар оғози истиқлолияти давлатӣ яке аз омилҳои асосии саршавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон халалдор гардидани хатти сарҳади давлатӣ буд. Дар он айёми ноором мо ҳанӯз нерӯҳои марзбонӣ ва ҳатто як нафар мутахассиси баландпоя надоштем. Бо истифода аз чунин вазъ, бадхоҳони миллату давлат бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвари мо яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, бо пуштибонии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ва дастгирии гурӯҳҳои ҷинояткор Ватани азизамонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Хушбахтона имрӯз тавоноӣ ва қудрати давлатдории мо имкон медиҳад, ки сарҳад аз ҷумла амнияти шаҳрвандонро бо сарбаландӣ дифоъ намоем.

Ҳоло бо гузашти солҳо Қӯшунҳои сарҳадӣ ба як сохтори низомии муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфта, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми мардум нақши босазо гузошта, дар мушкилтарин рӯзҳо барои ҳифзи марзҳои давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати воқеан таърихӣ анҷом доданд.

Роҳбарияти давлату Ҳукумат бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ба хотири беҳсозии шароити хизмат ва зиндагии марзбонон тақвият бахшида истодааст.

Таъкид шуд, ки ҳар як пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон бояд барои тамоми афсарону сарбозон азизу муқаддас бошад ва ҳар як низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург ҳисобад.

Баъди анҷоми суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода ба як қатор афсарон ва аскарони қушунҳои сарҳадӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд