(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altНамояндагони яке аз ширкатҳои калонтарин ва пешрафтатарини логистикӣ дар Аврупо «Гиртека» ба дафтари кории филиали «Зигана Тур» дар вилояти Суғд, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ташриф оварда, ба шаҳрвандон оид ба имконот ва зарфияти хешро ҷиҳати омӯзиш ва сафарбарӣ барои кор ба кишварҳои Аврупоро муаррифӣ намуданд.

Зимни баргузории мулоқот таъкид гардид, ки “Гиртека” яке аз ширкатҳои калонтарин ва пешрафтатарини логистикӣ дар Аврупо эътироф шудааст, ки ҳанӯз соли 1996 таъсис ёфтааст. Ширкати мазкур зиёда аз 9500 адад мошини калони боркаш ва зиёда аз 22 000 ронанда дорад. Қобили зикр аст, ки ин ширкат дар авҷи бемории ҳамагири “Ковид-19” бо боварии комил ва устуворона шумораи ронандагонаш ва мошинҳои боркашашро афзун намудааст ва яке аз ширкатҳои устувор дар Аврупо эътироф гардидааст.

Зикр гардид, ки кормандони “Гиртека” қабл аз фиристондани ронандагон ба Аврупо ба онҳо нозукиҳои касби ронандагиро омӯзонида, савияи дониш ва маҳораташонро баланд мекунанд, то ин ки дар кишвари хориҷа душворӣ накашанд. Бо иқдом ин ширкат дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд маконҳои таҷрибаомузӣ ва ташкили дарсҳои ронандагиро тариқи назария ва амалӣ ташкил намудааст. Таъкид шуд, ки алъон дар ин ширкат наздик ҳазор нафар ронандагони тоҷик кору фаъолият доранд. Ширкати “Гиртека” ҳамзамон масъулияти раҳнамоӣ ва таъмини ҷойи корӣ бо қайди муваққатиро дар Аврупо бо бастани шартномаи дуҷониба бо шаҳрвандон ба уҳда мегиранд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии ширкати “Зигана-Тур” бо ҷои кори хуб ва маоши баланд таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аврупо мебошад. Ҳамзамон ин ширкат самтҳои дигари фаъолият аз қабили: саёҳат ба кишварҳои Аврупо, Туркия, Амороти муттаҳидаи Араб, Гурҷистон, Озорбойҷон, Қатар, Сингапур, Малайзия ва Тайландро бо фарогирии саёҳати фарҳангию таърихӣ ба роҳ мондааст. Гузашта аз ин ширкати “Зигана Тур” барои гирифтани раводид ба кишварҳои Аврупо, Амороти Араб, Тайланд, Канада, Англия, Амрико, Чин, Ҷопон ва ғайраҳоро мусоидат менамояд. Ин ширкати фурӯши чиптаҳоро ба тамоми самтҳо бо шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, “Эйр Астана”, “Урал эйрлайнс”, “Туркиш эйрлайнс” роҳандозӣ намудааст.

Ҳамзамон бо иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муҳоҷирони меҳнатиро ба кишварҳои Полша, Литва, Латвия ва Эстония равон намояд ва дар ин самт қадамҳои устувор гузошта шудааст.