(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Конфронси илмӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-солагии қабули Консититутсия (Сарқонун)-и кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Консититутсия бахтномаи миллат» баргузор намуд.
Дар кори конференсия Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, номбурда нахуст аз фаъолияти парки технологии донишкада дидан намуд. Қайд шуд, ки дар давоми 4 соли фаъолияти парки мазкур устодон ва шогирдони ин боргоҳи маърифат тавонистанд наздик ба 150 тахтаҳои электронии бо барномаи тоҷикӣ ҷиҳозонида сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Муҳимаш тахтаҳои мазкур сифатан хуб буда арзишаш нисбати бозор 50 дар сад камтар аст. Раиси шаҳр ба масъулин дастур дод, ки аз тахтаҳои истеҳсолкардаи донишкада ба мактабиёни шаҳр харидорӣ карда шаванд. Ҳамзамон ба раиси шаҳр намунаи эҷоди кори меъморон писанд афтод. Қарор шуд, ки минбаъд шогирдони ин боргоҳи маърифат таҷрибаомӯзиро дар иншоотҳои сохташавандаи шаҳр гузаронанд.
Устоди кафедраи технологияи хӯрока Руслан Бобохӯҷаев кайҳо инҷониб ба сохтани ҳар гуна асбобҳои зеббахш аз чӯбу решаи дарахт машғул мебошанд.
Хотири аҳли иштирокдоронро ҳунари рассомии дар рӯи лаганди устоди донишкада Гулрухсор Умарова шод намуд. Он бо назардошти хусусиятҳои миллӣ кашида шуда, ранг ва ҷилои хуб дошт. Раиси шаҳр ин рассоми моҳирро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Ҳамзамон дӯхти либосҳои шинами либоси мактабии парки технологӣ аз ҷониби раиси шаҳр баҳои баланд гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки либоси дӯхтаи кормандони парки технологӣ имрӯз талабгори зиёд дошта, ҳоло бо чанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи вилоят шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, ин дабистонҳо бо либосҳои мактабӣ ва либосҳои омӯзгорон таъмин карда шуда истодаанд.
Сипас конференсия бо сухани муқадимавии директори донишкада, номзади илмҳои физика ва математика Анвар Мақсудов оғоз шуд. Номбурда зимни суханрониаш аз ҷумла қайд кард, ки Конститутсияи давлати мо барои пешравӣ ҳам дар таҳсил, ҳам дар кор нақши муҳим мебозад.
Дар баромади Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода муҳимтарин самтҳои Консититутсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла таъкид шуд, ки имрӯз бо ёдоварӣ аз таърихи қабули конститутсия метавон гуфт, ки он дар кадом вазъият қабул гардида буд. Дар ин самт Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифи Тоҷикистон саҳм гузоштанд. Имрӯз мо шукр аз он мекунем, ки давлат кафолати таҳсил ва озодона интихоби касбу корро додааст. Ба шарофати конститутсия тамоми соҳаҳо тараққӣ карда истодааст. Махсусан соҳаи маориф сол то сол рушд мекунад. Сохтмони садҳо мактабу даҳҳо муассисаҳои олӣ маҳз ба шарофати таъмини шаффофият дар Сарқонуни кишвар аст.
Собиқадори меҳнат, вакили парлумон дар солҳои 1990-1995 Бойпоччо Фатҳиддинов дар бораи нақши Президент ва вакилони парлумон дар таҳия ва қабули Сарқонуни кишвар дар солҳои мудҳиш ёдовар шуд.
Устоди донишкада Гулшан Довудов дар мавзӯи «Консититутсия ва таҳаввули фарҳагӣ» гузориш дода, қайд намуд, ки Консититутсия натанҳо ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳар як шахсро муайяну мушаххас кардааст, балки он ба густариши фарҳанги техникӣ мусоидат кардааст. Ҳамкории муассисаҳои олии кишвар бо бузургтарин донишгоҳҳои олии хориҷа, тибқи барномаҳои «Ерасмус мундус» ва «Темпус» дониш ва малакаи муҳассилинро боло бардошт, ки ин шароитро бобҳои алоҳидаи Консититутсия кафолат додааст.
Чорабинии фарҳангӣ иборат аз шеъру суруд дар мавзӯи Ватан ва ватанпарастӣ хотири аҳли нишастро шод намуд.
Дар қисмати ниҳоӣ сарвари донишкада омодагии кулли ҷомеаи донишкадаро дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии шаҳри Хуҷанд иброз дошт.
Бо ҳамин конференсия ба кори худ хотима бахшид.