(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёди як қатор корхонаҳои истеҳсолии воридотивазкунанда бомаром идома дорад.

Субҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади ошноӣ аз раванди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ бо чанде аз онҳо ошноӣ пайдо намуданд.

Нахуст аз корхонаи “Комбинати консервабарории шаҳри Хуҷанд” боздид карда шуд. Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки ин корхонаи мавсимӣ ба коркарди меваҳои шаҳрдбори Тоҷикистон машғул буда, алҳол зардолуҳои пешпазаки ноҳияи Аштро коркард намуда, бо тамъи аъло дар зарфҳои шишагин пешкаши мизоҷон намуда истодааст.

Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона ҷиҳати ворид намудани технологияи муосир ва афзун намудани номгўйи истеҳсолот бо сифати баланд дастуру супоришҳо дод. Ҳамзамон таъкид гардид, ки майдонҳои холии корхона самаранок бояд истифода шуда, ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти саноатии шаҳр ҳиссагузорӣ намоянд.

Таъкид шуд, ки танҳо дар ноҳияи Ашт, ки аз маконҳои асосии меваи зардолу маҳсуб меёбад, 18 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, 16 ҳазор гектари он боғоти зардолу мебошад ва айни замон ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Боғдорони ноҳия аз 10 май инҷониб чиниши зардолуи пешпазакро оғоз намудаанд ва маҳсулоти тару тоза ҳамарӯза содирот гардида истодааст. Тибқи иттилои масъулин дар ноҳия 500 гектар боғи зардолуи пешпазак вуҷуд дошта, аз ин ҳисоб бояд 5000 тонна зардолуи пешпазак содирот гардад. Ҳамарӯза тавассути беш аз 50 нақлиёти калони боркаш маҳсулот ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон фиристода мешавад.

Коркарди ин намуди зардолуҳо дар корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд айни муддаост.

Дар ҷараёни сафари корӣ дар ин минтақа бо фаъолияти корхонаҳои “Нӯшокиҳои муҳаббат”ва “Пешсаф” низ шиносӣ пайдо карда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти ин корхонаҳои баҳои баланд дода, ҳамзамон ҷиҳати ба корандозии сехҳои нави истеҳсолӣ дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд