(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

ОЯНДАСОЗОНИ ВАТАН

Ҷавонони ғаюру саодатманди диёр!

Меҳмонон ва ҳамшаҳриёни азиз!

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон бо ҷавонони кишвар иброз кардаанд: «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерўи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад».

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўи ояндаи босубот қадамҳои устувор мегузорад ва дар ин раванд таваҷҷўҳ ба қишри ҷавони ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Воқеан ҳам, ҷавонони ғаюру шуҷои кишвари мо ин масъулияти хешро хуб дарк мекунанд ва дар эъмори давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона минбаъд низ саъю талош меварзанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони доништалабу ихтироъкор, ватандўсту меҳанпарвар, соҳибкору муваффақ ифтихор мекунад ва ташаббусҳои созандаи ононро ҷонибдорӣ мекунад.

Ҳамасола рўзи 23-юми май дар қаламрави Тоҷикистони мустақил Рўзи ҷавонон тантана мегардад. Ба ин муносибати фархунда кулли ҷавонон ва сокинони азизи шаҳрро бо Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям, барояшон тавфиқи кору рўзгори ободро хоҳонам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд, ки “Хизмат кардан ба Ватан, аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

Хушбахтона, имрўз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр нақши ҷавонон ҳамчун нерўи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад. Онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот, варзишу тандурустӣ ва ғайра пурсамар фаъолият доранд, ки дар маҷмўъ хизмат ба халқу Ватан маҳсуб меёбад.

Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурўғи маърифат”, “Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” сатҳи донишу малакаи наврасон ва ҷавононро баланд бардошта истодааст ва дар миёни онҳо соҳибистеъдодҳо кашф шуда истодаанд. Ҷавонони донишманду фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии шаҳр ба гирифтани идрорҳои Раиси шаҳр, Раиси вилояти Суғд, Президенти кишвар шарафёб гардиданд. Илова ба ин, имрўз ҷавонони мо дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, ки он бешак, дар боло рафтани эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи ҷаҳон замина мегузорад.

Таҷлили Рўзи ҷавонон ҳамасола бо ташкил ва баргузории силсилаи чорабиниҳо бо иштироки васеи ҷавонон дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронида шуда, дар робита ба он даҳҳо тадбири маърифатию илмӣ, ҳарбию ватанпарварӣ, варзишию фарҳангӣ доир мегарданд.

Итминонам комил аст, ки ҷавонони шаҳри Хуҷанд чун фарзандони асили миллат Ватани азизи худро ба дараҷаи кишвари пешрафта расонида, давомдиҳандагони кору пайкори неки падарони шуҷою модарони садоқатманд мегарданд.

Дар Рўзи ҷавонони Тоҷикистон кулли мардуми шаҳр, ҷавонон ва наврасонро бо ин санаи таърихӣ, бо баҳори амалишавии орзуҳо, бо саодати ватандориашон шодбош мегўям ва орзу мекунам, ки онҳо бо амалҳои шоиставу дониши афзун дар сафи аввали ҷавонони пешқадами кишвар қарор дошта бошанд.

Рўзи ҷавонон ва баҳори зиндагӣ муборак!