(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доири таҷлили Рўзи ҷавонон дар Мактаби хусусии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷавонӣ-баҳори зиндагонӣ» баргузор гардид.

Ба маълумоти сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд мерасонем, ки бо ибтикороти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 23-юми майи соли равон соати 18:00 дар саҳни театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ситораҳои намоёни эстрада, аз ҷумла Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов, Ҷонибек Муродов Амирҷон Рўзиев ва дигар ситораҳои маъруфи суғдӣ аз ҷумла: Гуласал Пӯлотова, Шодмон Сулаймонӣ, Анвар Ахмедов, Ғуломҷон Мирдадоев, Баҳодур Илҳомӣ ва дигарон чорабинии калони идона баргузор мегардад.

Марҳамат ба базму суруду таронаҳои ҷаззоб!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд