(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон тибқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 04.05.2023, №257 “Дар бораи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” бо иқдоми бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба тирпарронӣ баргузор гардид.

Мусобиқа дар Комплекси варзишии "Тир" гузаронида шуда, дар он зиёда аз 40 нафар мухлисони ин намуд иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии тирпарронӣ доир гардида, он ба таври инфиродӣ байни занон ва мардон аз рўи барномаи ВП-1 гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузори мусобиқа ин беҳдошти тарбияи ватандўстии ҷавонон, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди намуди тирпарронӣ, ҷалби бештари омма ба ин намуд, дарёфти чеҳраҳои нав, мустаҳкам намудани дўстӣ байни варзишгарон ва пешгирии омилҳои номатлуб байни ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Дар охир ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд