(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти сокинони маҳаллаи «Сирдарё» бо Раиси шаҳри Хуҷанд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодав  дар маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти умумии № 7 мулоқоти навбатии худро бо сокинони маҳаллаи «Сирдарё» доир намуд.
Қабл аз вохӯрӣ бо сокинон, Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти дарси таълими меҳнат дар мактаби мазкур ошно шуд. Толибаҳои дабистон дар танӯри мактаб бо роҳбарии омӯзгори худ тарзи пухтани намудхои гуногуни самбӯсаро меомӯхтанд. Раҷаббой Аҳмадзода аз сатҳи дарси мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд,ки муҳассилин бояд аз давраи мактабхонӣ дар танӯр пухтани хӯрокҳои гуногунро комилан омӯзанд. Зеро ҳадаф аз дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои беҳтар намудани сифати дарсҳои таълими меҳнат бо ин тарз, омода намудани ҷавондухтарони ба рӯзгордорӣ ва зиндагии мустақил аст. Натиҷаҳои соҳаҳои гуногуни маркази вилоят дар 9 моҳи соли равон суханони муқаддимавии Раиси шаҳр дар ин вохӯрӣ буд.
Раҷаббой Аҳмадзода ёдовар шуд, ки вохӯриҳои мазкур тибқи ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд қарзи музди маоши кормандони буҷавӣ мавҷуд набуда, музди миёнаи маоши кормандон ба 972 сомонӣ расидааст, ки ин нисбати соли гузашта 16,5 фоизро ташкил медиҳад.
Сокинони маҳаллаи номбурда ба Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳалли мушкилоти барқарор намудани ҷӯйҳои кӯчаи ба номи Р. Ҷалил, кушодани сари кӯчаҳои маҳаллаи 29-ум, мумфаршкунии кӯчаҳои маҳалла, гузоштани аломати роҳ ва муқаррар намудани пайроҳаи пиёдагардӣ дар кӯчаҳои марказии маҳалла ва мавзеҳои серодам, ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ ва ғайра муроҷиат намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд хоҷи Хусейн Мӯсозода ва раиси Шӯрои бибиотунҳо Мастура Темирова иштирок ва баромад намуданд.