(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Душанбе Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ” дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ифтитоҳи Форум аз тамошои дастовардҳои илмию таълимӣ ва инноватсионии Донишгоҳи миллӣ сурат гирифт.

Дар ҷараёни Форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ., Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Абдураҳмонов И.Ю. ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду кишвар иштирок намуданд.

Тибқи барнома форуми мазкур дар ду бахш: «Муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ: афзалиятҳо ва траекторияи рушд» ва «Ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти нав» доир гардид.

Ҳамзамон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни Форум аз ҷониби роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо як қатор донишгоҳҳои бонуфузи кишвари ҳамсоя, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш. Рашидов, Донишгоҳи давлатии нақлиётии Тошканд, Донишгоҳи миллии тадқиқотии "Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияии хоҷагии қишлоқ" шартномахои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки мавзуъи меҳварии онро такмили ихтисоси омўзгорон, табодули таҳсили донишҷўён, иҷрои корҳои илмии ҳамгиро, иштироки муштарак дар лоиҳаҳои грантӣ ва конфронсҳои илмӣ ва дигар самтҳои фаъолиятро фаро мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд