(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли тарбиятгирандагони кӯдакистони №18-и ба номи "Шукуфаи Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд бо суруру шодмонӣ аз Наврӯзи оламафрӯз истиқбол намуданд.

Дар васфи ин Иди миллӣ ва аҷдодӣ шеъру суруд ва таронаҳо хонда, рақсҳои мавзун намуданд.
Таъкид шуд, ки Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон нерӯи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.
Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Яъне Наврӯз ҳамчун ҷашни зодрӯзи Хуршеди ховарон, ки ҳамеша барои ҳамагон ва дар ҳама ҷо нуру гармӣ мебахшад, сарвати ҷумла фарзандони Одам аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд