(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд барои аъмоён даҳ ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд.

Ҳамсола санаи 15 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Рӯзи аъмоён қайд карда мешавад. Дар баробари дар ин сана 65 солагии таъсисёбии маркази хуҷандии иҷтимоии-эҳёкунии Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон низ таҷлил карда мегардад.
Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ  аъмоён  қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода № 610 аз санаи 14 октябр ба имзо расид, ки мувофиқи он ба 200 нафар ин гуна  шахсон  50 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода мешавад.
Дар баробари ин санаи 15 октябр соати 11.00 дар коргоҳи ҷамъияти номбурда чорабинии махсус бо иштироки аъмоён ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд баргузор мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки дар маркази вилоят 314 нафар аъмоён ба қайд гирифта шуда аз онҳо 66 нафар аъмоён дар коргоҳи маркази хуҷандии иҷтимоии-эҳёкунии Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон нафар фаъолият мебаранд.