(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сокинони маҳаллаи «Сари баландӣ» бо Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқот намуданд.Вохӯрии навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодав дар маҷлисгоҳи колеҷи тиббӣ доир гардид.
Дар оғоз Раҷаббой Аҳмадзода аз дастовардхои  соҳаҳои гуногун дар 9 моҳи соли равон маълумот дода, зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ.Раҳмон дар мавриди таҳкими заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ҳамеша таъкид дошта, дастгирии соҳибкорӣ, ба сомон расондани корҳои созандагию ободкориро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд. Асоси фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва мардуми он низ аз ҳамин дастурҳои сарвари давлат маншаъ мегирад. Ҳамчунин таъкид гардид,ки яке аз нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин  азнавсозии боғчаҳои бачагона ба хусус он муассисаҳои томактаби,ки дар маҳаллаҳо ҷрйгир шудаанд, мебошад. Дар сурати амалишавии он вазъи фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон беҳтар хоҳад шуд.
Сокинони маҳалла асосан ба Раиси шаҳри Хуҷанд дар мавриди мушкилоти тоза набудани ҷӯйборҳои маҳалла, ҷамъшавии оби борон ва мумфаршкунии кӯчаҳои маҳалла муроҷиат намуданд.
Ҳамчунин сокинони маҳалла ба Раҷаббой Аҳмадзода доири дастгирии пешниҳоди гузоштани номи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ ба шоҳроҳи минтақаи озоди саноатӣ то митақаи шимолу шарқии шаҳр, бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намудани оилаи Матлюба Дадобоева,ивази симчӯбҳои кӯчаи Бӯстон изхори сипос намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд хоҷи Хусейн Мӯсозода ва раиси Шӯрои бибиотунҳо Мастура Темирова иштирок ва баромад намуданд.