(2 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Вохурии Раиси шаҳри Хуҷанд бо дружиначиёни ихтиёрӣ.

Таи чанд сол аст, ки дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи дружиначиёни ихтиёрӣ амал мекунанд, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ фаъолият мебаранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони масъули шӯъбаи корҳои дихилӣ, дружиначиён ва варзишгарон мулоқоти корӣ анҷом дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои дар мавриди аҳамияти фаъолияти дружиначиён дар таъмини оромӣ ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ сухан гуфта, таъкид намуд, ки минбаъд чунин мулоқот бо ҳайати зикрёфта дар се моҳ як маротиба баргузор гардида, ихтиёрони фаъол ҳатман қадрдонӣ карда мешаванд. Зеро фаъолияти онҳо имкони паст намудани ҷинояткорӣ ва пешгирӣ намудани он имконпазир мегардад.

Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов маълумот дод, ки ҳоло дар маркази вилоят зиёда аз 1270 нафар аз корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ дар сафи дружиначиёни халқӣ буда, барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ навбатдорӣ менамоянд. Танҳо дар соли равон дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия 313 ҷиноятҳои гуногун ошкор шуданд. Маҳз масъулияти баланди онҳо буд, барои 154 нафар барои муқаррар намудани шахсияти шаҳрвандон ва барои қайди 63 нафар нашъаманд мусоидат намуданд.
Сардори гурӯҳи дружиначиёни халқӣ А. Ғаффоров дар баромади худ барои таваҷҷӯҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба 30 нафар дружиначиёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида барои хизмати ҷамъиятии намунавиашон изҳори сипосмандӣ намуд.