(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст мактаби махсуси варзишӣ оид ба намуди камонварӣ сохта ба истифода дода мешавад.


Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо рафти сохтмони ин иншооти варзишӣ шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои асосӣ аз аз 2 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум утоқҳои кории маъмурият, пизишкон, мураббиён, ҷойи оббозӣ, ҷойи либокашӣ ва толори маҷлисгоҳ ҷойгир мешавад. Дар саҳни ошёнаи якум майдони камонварии тобистона сохта хоҳад шуд.

Дар ошёнаи дуюми иншооти мазкур толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо аз рўи намуди камонварӣ, утоқи либоскашӣ ва утоқ барои нигоҳ доштани таҷҳизотҳои камонварӣ ҷойгир мешавад. Пудратчии иншоот ҶДММ “Евростройсервис” мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо фаъол гардидани мактаби варзишии камонварӣ барои машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз миёни онҳо қаҳрамонҳое чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.

Мактаби варзишӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" –и шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дар ин мавзеъ варзишгоҳи бузургтарини вилоят, қасри варзишӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ, майдонҳои теннис мавҷуд буда, ташкили боз як иншооти нави соҳаи варзиш ба рушди соҳа мусоидат менамояд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд