(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид бо фаъолияти таълимию тарбиявии Муассисаи таълимии давлатии Руссияю Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П.Чехов» аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо кўшишҳои пайгиронаи роҳбарияти олии ду давлат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар давоми се даҳсолаи охир ин ду кишвари дўст дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Аз ҷумла, дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм моҳи сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таълимии русӣ ба истифода дода шуд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ҳанӯз 15 январи соли 2020 ба тасвиб расонида шуда буд.

Омӯзиш дар ин панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони русӣ, мувофиқи дастурамали таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Тазаккур бояд дод, ки забони русӣ дар Тоҷикистон забони муоширати байни миллатҳост, инчунин он яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, забони русӣ дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз синфи дуюм омӯзонида мешавад.

Раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо ҷараёни таълиму тарбия дар Муассисаи таълимии давлатии Руссияю Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд» гуфт, ки ин ҳама дастгириҳо ва сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли навраси ояндасоз мебошад. Аз ин лиҳоз дар ин муассисаи таълимӣ дар баробари омӯзиши амиқи забони русӣ, ҳамзамон дӯст доштани Ватану сарзамин, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ дар маҳаки асосии таълиму тарбияи хонандагон қарор гирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд