(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

ИДИ САДА - ҶАШНИ МАРДУМИ ОРИЁТАБОР

Ҳамшаҳриёни азиз, меҳмонони шаҳри хуршедӣ!

Бо дамидани субҳи истиқлол ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мероси пурғановати халқи тоҷик, аз қабили ҳунарҳои мардумӣ ва суннатҳои фархундаи миллӣ эҳё гардида истодаанд ва мардуми куҳанбунёди тоҷик бо ҳисси баланди хештаншиносӣ ва ғурури миллӣ онҳоро омўхтаву тариқи шоиста таҷлил намуда истодааст.

Сада яке аз ҷашнҳои азалии халқи мо маҳсуб меёбад, ки дар қатори ҷашнҳои Тиргон, Наврўзу Меҳргон ҳамчун мероси арзишманди ниёгонамон шинохта шудааст ва он як навъ муждаест, ки мову шуморо аз омад-омади баҳор ҳушдор месозад.

Бо ин муносибати нек ва як ҷаҳон таманниёт ҳамаи шумо, шаҳрвандон ва меҳмонони гиромии шаҳрро ба ифтихори ҷашни Сада, ки ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд, самимона табрику таҳният мегўем, бароятон сиҳатмандии комил, рўзгори обод, иқболи баланд ва дар кору пайкоратон барору муваффақиятҳо хоҳонем.

Аз рўйи нишондодҳои аксари таърихнигорон бошишгоҳи нахустини қавму қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан чордаҳ-понздаҳ ҳазор сол пеш паҳноҳои Сибири Ғарбӣ, доманакўҳҳои Урал ва даштҳои ҷанубии Рус, аз ҷумла соҳилҳои рўдхонаҳои Обу Енисей то кўли Байкал тўл кашида будааст, ки ба он бозёфтҳои харобаҳои шаҳри Аркаим ва дигар осори бостоншиносӣ шаҳодат медиҳад. Гурўҳи калони қавму қабилаҳои ориёӣ пас аз оғози яхбандию хунукиҳои шадид аз қисмати шимолии Осиё ночор кўч баста, сўйи минтақаҳои гарми ҷануб ва сарзамини кунунии Осиёи Миёна меоянд, ки гузаштагони дури мо – тоҷикон аз ҳамон тоифаи ориёиҳои дар миёни дарёҳои Ому ва Сир сокингашта пайдо шудаанд.
Ҷашни Сада, ҳамчунин ифодаи пайванди зиндагии инсон бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврўз, инчунин, маъракаи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ, яъне иди деҳқон ва кишоварзон мебошад.

Ҷашни Сада рамзи гармиву нур аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат медиҳад ва мардуми ориёитабор бо баргузории чорабиниву тадбирҳои оммавӣ онро мутантан истиқбол мекунад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки мо, мардуми сарбаланду заҳматкаши Хуҷандшаҳри бостонӣ бо баргузории ҷашни миллии Сада шаҳри азизу ҳамешаҷавонамонро боз ҳам ободу шукуфон намуда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода камари ҳиммат мебандем.

Бори дигар, шумо – ҳамдиёрони азизро ба муносибати ҷашни бостонии тоҷикон – Иди Сада самимона табрик гуфта, ба шумо рўзгори ободу шоиста, рўҳи болида ва дастархони пур аз нозу неъматро орзу менамоем.

Иди Сада — муждаи аввали баҳор мубораку фархунда бод, ҳамшаҳриёни азиз!