(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шахр намозгузоронро табрик намуд.Аз субҳи барвакт мусалмонони кишвар дар масҷидҳои ҷомеъ ҷамъ омада яке аз фарзҳои диниро ба ҷо оварданд. Дар масҷиди ҷомеаи марказии шаҳри Хуҷанд- Шайх Маслаҳаддин низ сокинону меҳмонони маркази вилоят намози Иди Қурбонро хонданд.
Дар намози ҷамоат муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  низ иширок намуданд.
Анвар Яқубӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонд ва дар шахсияти онҳо кулли эътиқодмандонро бо иди саид табрик гуфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баробари суханҳои табрикӣ бахшида ба ин иди хайру саховат ва меҳрубонӣ таъкид дошт,ки «Хайрхоҳу дастгири бенавоёну бечорагон будан беҳтарин фазилати инсони комил аст ва ҳамин фазилат ифодагари асли моҳияти Иди Қурбон мебошад, ки ба шарофати он дастархони оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳам щанӣ мегардад, инсонҳои соҳибдилу щамхор сари ятимонро сила мекунанд, ба аёдати пирону барҷомондагон, одамони яккаву танҳо мераванд, меҳру муҳаббати ҳамагон афзоиш меёбад.
Бояд гуфт, ки ҳамаи мо тоҷикон, дар мазҳаби Имоми Аъзам мебошем. Чуноне, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид доранд: «Мазҳаби Ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоқу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудаанд, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ махсусан тоҷикон нақши беназир дорад».
Дар намози идона сархатиби масҷиди мазкур, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд хоҷӣ Ҳусейн Мусозода барои пойдории сулҳу амният ва оромии кишвар ҳар як фарди мусалмон саҳмгир бошад.