(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба азнавсозии кӯдакистони №9 бо мақсади бунёди кӯдакистони наву замонавӣ санги асос гузошта шуд.

Бинои нави кӯдакистони рақами 9 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохта шуда, дар он баъди истифодабарӣ 350 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби мутахассисони ҶДММ "Меъмори муосир" таҳия гардида, пудратчиён ҶДММ "Истиқлол гурӯҳ" ва ҶДММ "Хушофар" мебошад.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо ҳамсола даҳҳо иншооти соҳаи маориф бунёд гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад. Бо назардошти ин, кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои соҳиби касбу ҳунар гардидани онҳо аз имкониятҳо истифода намоянд.

Раиси вилоят барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд