(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз кулли сокинони мамлакатамон Рӯзи забони давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса қайд менамоянд. Воқеан ҳам мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби забонем. Ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад.
Забон эъҷози олитарини инсоният буда, барои ифодаи афкор, мулоҳиза ва ақидаву сухангӯӣ истифода бурда мешавад. ҳар давлат барои ҳифзи миллати худ қонунеро, ки маҳз доир ба забони модарӣ бошад, қабул намудаву аз рӯи он кор мебарад. Забон баробари воситаи муошират буданаш, вазифаи муҳими илмию адабӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, ҳамчунин сиёсатро ба зимма дорад.
Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист, ки он барои ҳар сокини ин кишвари соҳибтамаддун азизу гиромӣ гаштааст. Соли 1989 аввалин Қонун дар бораи забони давлатӣ рӯи кор омад ва барои мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ нақши муҳим бозид.
Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Чуноне ки Президенти кишварамон ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад».
Забони тоҷик, лафзи ширини модарии мо аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо шеъри Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, ҳофизу Камол, Турсунзодаву Лоиқ ва бисёр дигар саромадону роҳпаймоёни адабиётамон шӯҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст, Забон муаррифномаи миллатест, ки номашро бо сухан бардоштаанд.
Аз баландтарин минбарҳои байналмилалӣ бо талаффузи Сарвари давлати тоҷикон ба тамоми дунё танинандоз шудани сухани волои тоҷик аз мақоми пойдору устувори забони миллати мо, аз манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ далолат медиҳад.
Таҷлил кардани ин санаи муборак эътиқоду эҳтиром ва арҷгузории имрӯзиён ба забони тоҷикӣ, ба фарҳанги асил, ба авлоду аҷдоди сарбаландамон аст, ки новобаста аз гирдобҳои таърих забони модарии хешро чун асли тоҷик ҳифз кардаанд, аз бадалшавӣ ба забонҳои uайр эмин дошта, то ба дасти мо расонидаанд.
Забони модарӣ баёнгари сарнавишти тоҷикон, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Аз ин лиҳоз, ҳифз кардани забони тоҷикӣ, нигаҳдорӣ ва сайқал додани он вазифаи муқаддас аст.
Мо бояд забони тоҷикиро ҳамчун арзиши миллӣ эҳтиром кунем, ба он муносибати uамхорона дошта бошем, барои рушду инкишофи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварем.
Дар охир ҳозирини гиромиро бо Рӯзи забони давлатӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сидқан муборакбод мегӯям ва бигузор  ҳар яки мо ҳамеша соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва кӯҳанбунёди тоҷик бошем.
Бигузор, забони тоҷик, миллати тоҷик ва фарҳанги волои тоҷик ҷовидон бошад!