(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Парчами миллӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бо роҳандозии роҳпаймоӣ в паарафшоннамоии Парчами давлатӣ сурат гирифт.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба ҳозирин номаи табрикотии муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст: “Таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфт, яке аз муҳимтарин рўйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад. Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул шуд ва имсол аз рўзи қабули он сӣ сол сипарӣ гардид. Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдоди мо – тоҷикон, ҳанўз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ дошт. Дар ин раванд, эҳтиром ба Парчами давлатӣ - муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқи худ ва ба рўҳи поку мероси гузаштагони бузурги худ буда, ҳар фарди ватандўсти миллатро ба ваҳдат, сулҳу субот, созандагиву ободгарӣ ва тавоноиву нерўмандӣ ҳидоят менамояд.

Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Таъкид гардид, ки имрўз мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо кардаанд ва он чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад. Боиси ифтихор аст, ки ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ мегарданд. Чунончӣ, дар таҷлили Рўзи Конститутсия ва ҷашни бузурги 30-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилои Парчами давлатӣ ба дилҳо завқу сурури тоза ва эҳсоси баланди ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ бахшид.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, ватандориву меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд